Дар оғӯши ту мемирам,
Дар оғӯши сапеди пурбаҳори ту.
Дар оғӯше, ки мотамҳо аз он дуранд,
Дар оғӯше, ки пистонҳои покаш чашмаи нуранд.
Ту аз ман бошу аз осеб эмин бош,
Туро ман ҳамчу ҷоме аз оташ саршор мехоҳам.
Туро дар ҳар нафас, дар ҳар ҳавас, дар ҳар ҳамоғӯшӣ
Чу чашми пурнигоҳи биркаҳои дурр
Ҳама шаб дар камини бодҳои раҳгузар бедор мехоҳам.
Ту бо ман бош, бо ман бош, бо парҳез душман бош,
Маро аз хештан пур кун,
Маро аз оташи фарёдҳои бесухан пур кун.
Маро бо тарҳи андоми сапедат ошноӣ деҳ,
Маро аз барқи чашмони сиёҳат рӯшноӣ деҳ.
Туро ман бо ҳама андӯҳи покам дӯст медорам,
Маро бигзор то лаб бар лаби масти ту бифшорам.
Ман, эй хуршеди гарми зиндагиафрӯз
Дар оғӯши ту мемирам!
Дар оғӯши сапеди пурбаҳори ту,
Дар оғӯше, ки мотамҳо аз он дуранд,
Дар оғӯше, ки пистонҳои покаш чашмаи нуранд...
Нодири Нодирпур (Эрон)
Ту, эй гаҳвораю тобути ишқи ман,
Дар оғӯши ту гарчи зиндагиям нест,
Дар оғӯши ту мехоҳам бимирам.
Дар оғӯше, ки холӣ аз ман асту пур зи армонҳо,
Дар оғӯше, ки холӣ аз ман асту пур аз ҳирмонҳо
Дар оғӯше, ки атри шеъри тар дорад,
Дар оғӯше, ки дидори саҳар дорад.
Дар оғӯши ту мехоҳам бимирам,
Дар оғӯше, ки дар навмедиям умедҳое ҳаст.
Дар оғӯше, ки андар рӯзҳои тираи умрам,
Бароям нав ба нав хершедҳое ҳаст.
Дар оғӯши ту мехоҳам бимирам,
Дар оғӯше, ки мебошад ҳаволатгоҳи рӯҳи ман.
Дар оғӯше, ки маҳрумам,
Дар оғӯше, ки мебошад ҳаловатгоҳи рӯҳи ман.
Ту , эй гаҳвораю тобути шеъри ман,
Дар оғӯши ту гарчи зиндагиям нест,
Дар оғӯши ту мехоҳам бимирам.
Дар оғӯше, ки қадрашро надонистам,
Дар оғӯше,ки меҳрашро наварзидам,
Дар оғӯше, ки боре ҳам наарзидам
Лоик Шерали

Комментарии
Отправить комментарий